» » » Дар Самарқанд форуми ҳуқуқҳои инсонӣ гузаронида мешавад


Дар Самарқанд форуми ҳуқуқҳои инсонӣ гузаронида мешавад

Дар асоси қарори Ҳукумат аз санаи 9-октябри соли 2020-ӯм консепсияи форуми ҳуқуқҳои инсонӣ ва регламенти баргузории он тасдиқ карда шуд.

 

Дар Самарқанд форуми ҳуқуқҳои инсонӣ гузаронида мешавад

 

Мақсад аз ташкили форуми байналхалқӣ бартарафи муаммоҳо дар самти ҳуқуқҳои инсонӣ ва таҷрибаомӯзӣ мебошад.

 

Дар назар дошта шудааст, ки форум дар як сол ду маротиба моҳҳои октябр-ноябр ва ё дар вақти дигари муайян кардаи кумитаи ташкилӣ гузаронида шуда, органи кории форуми Самарқанд маркази Миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад.

 

Дар кори форум намояндагони қисмҳои таркибии СММ, намояндагони ташкилотҳои ҳимояи ҳуқуқҳои ҳудудӣ, институтҳои миллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, коршиносони маҳаллӣ ва байналхалқӣ, олимон ва журналистон иширок хоҳанд кард.

Комментариев: 0
Добавить комментарий