» » » Қарздории вилояти Самарқанд ба 639 миллиард сӯм расид


Қарздории вилояти Самарқанд ба 639 миллиард сӯм расид

Aҳолии вилояти Самарқанд аз пардохти неруи барқ 639 миллиард сӯм қарздор шуд. Танҳо як фабрикаи мурғпарварии «Sam Prestige Agro Servis»-и ш.Самарқанд ба маблағи 128-млн сӯм қарз дорад. Моҳи феврали соли равон маъмурияти корхонаи ҳудудии шабакаҳои барқӣ ба фабрикаи паррандапарварӣ оиди қарз маълум карда буд.

 

Аммо аз сабаби эълони карантин моҳи марти соли равон роҳбарияти фабрикаи паррандапарварӣ оиди пардохти қарзро дар муддати моҳҳои омадаистода ваъда дода буд.

 

Парерӯз бошад, масъулини шабакаи барқи ҳуҳудӣ ба маъмурияти фабрикаи паррандапарварӣ дар бораи додани қарз муроҷиат карда буд. Аммо роҳбарияти фабрикаи паррандапарварӣ ба ходимони барқ ҷавоби радро доданд. Маҳз дар ҳамин ҳолат маъмурияти корхонаи ҳудудии шабакаҳои барқӣ додани қувваи барқро ба фабрика боз доштанд.

 

Тибқи маълумоти хизмати ахборотии Ҷамъияти Саҳҳомии "Самаркандская ПТЭС” бинои ҷой гирифтаи фабрика дар манзили иҷорагирифташуда аз шахси амалдор буда, дода нашудани қарз аз он шахс вобастагӣ дорад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий