» » » Дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд ашёҳои сафолини мансуби арсҳои миёна бозёфт шуд


Дар ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд ашёҳои сафолини мансуби арсҳои миёна бозёфт шуд

Фасли баҳори соли равон дар натиҷаи омадани сел ба деҳаи "Туятош”-и ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд якбора бо оби бисёри боронӣ ашёву зарфҳои хонагии асрҳои гузашта рӯи об шуда, он ашёҳои бебаҳо аз тарафи деҳқонон дар натиҷаи бурда шудани корҳои деҳқонӣ дарёфт гардиданд.

Кӯзаҳои гуногунвазифаву чойнакҳо, бозича ва пиёлаву нимкосаҳои сангин, зарфҳои дигари хонагӣ ва ғайраҳо дар майдонҳои замини корам рӯи об баромада буд.

 

Ҳини сӯҳбат ба ҳамкасби мо Заррина Ҳақбердиева истиқоматкунандагон гуфтанд, ки баъди дидани ин боигарии бебаҳои таърихӣ, сокинон қарор доданд бозёфтҳоро ба оилаи Абдураҳимовҳо, ки дар маҳаллаи "Култусон” зиндагӣ доранд диҳанд, зеро фарзанди калони оилаи номбурда Санҷар Абдураҳимов ходими осорхона буда, арзиши ашёҳои дарёфтаро хеле хуб медонад.

Ҳини сӯҳбат бошад, бостоншиноси ҷавон ходими осорхонаи давлатии таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистон Санҷар Абдураҳимов чунин гуфт:

 

-"Қобили зикр аст, ки қисме аз бозёфтҳои қадима соли 2019-ӯм, қисми  дигаре соли 2020-ӯм ёфт шудаанд. Мехоҳам қайд намоям, ки ин зарфҳои сафолин имрӯз барои халқи мо, таърихи давлати мо арзиши баланд дошта, пурқимматтарини онҳо ин сутудон-ёдгории археологии зараостризм мебошад. Дар деҳаи "Туятош” чунин бозёфтҳои мисли анбори устухонҳо бозёфти бебаҳост. Масалан дар зарфи ёфт шуда, расми дарахт кандакорӣ карда шуда, дар паҳлӯҳояш ҳафт сӯрохии ифодакунандаи ҳафт рӯзи ҳафтаро дорад. Ғайр аз ин, диққати касро тангаҳои мисини асрҳои гуногун ба худ ҷалб менамояд. Мехоҳам илова намоям, ки ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд ҳамеша дар маркази диққати бостоншиносон буд. Тахмин аст, ки манзили мазкур ҷои истиқоматии намуди шаҳр буд. Зеро дар ин ҷо инчунин нигораҳои шоҳмотии аз устухони фил сохта шуда, ки тахминан мансуби асрҳои 4-5-ӯм аст, гувоҳӣ медиҳад ”.

 

Дар бораи истифода ва нигаҳдории ин бозёфтҳои қадим дар матнҳои оянда маълумот хоҳем дод.

Комментариев: 0
Добавить комментарий