» » » Минбаъд ба ҷониби “Ангрен-Олмалиқ-Самарқанд” хизмати автобусҳо ба роҳ монда мешавад


Минбаъд ба ҷониби “Ангрен-Олмалиқ-Самарқанд” хизмати автобусҳо ба роҳ монда мешавад

Тибқи маълумоти хизмати ахборотии вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз аз санаи 15-октябри соли равон ба ҷониби  "Ангрен-Олмалиқ-Самарқанд” Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди  "Uzautotrans service" ҳаракати автобусҳоро ба роҳ монд.

 

Минбаъд ба ҷониби “Ангрен-Олмалиқ-Самарқанд” хизмати автобусҳо ба роҳ монда мешавад

 

Автобусҳо саҳарӣ аз соат 09.00 аз автостансияи Ангрен ҳаракатро сар карда, соати 10.00 аз автостансияи Олмалиқ ба ҷониби Самарқанд ба роҳ медароянд. Ҳаракати нақлиёти мусофиркашон тавассути шаҳри Бекобод амалӣ карда мешавад.

 

Нархи роҳкиро аз Ангрен то Самарқанд 50-ҳазор сӯм буда, аз Олмалиқ то Самарқанд 45-ҳазор сӯмро ташкил медиҳад. Чиптаҳоро метавон аз автостансияҳои Ангрен, Олмалиқ ва Самарқанд харид кард.

Комментариев: 0
Добавить комментарий