» » » Дар Ингичка ҳосили зиёд рӯид


Дар Ингичка ҳосили зиёд рӯид

Моҳи марти соли равон дар 16-гектар замини шаҳракаи Ингичкаи шаҳри Каттақӯрғони вилояти Самарқанд кооператсияи даштӣ ташкил карда шуд.

 

Дар Ингичка ҳосили зиёд рӯид

 

 

Ин заминҳо ба 40-нафар оилаи камбизоати  мавзеъ тақсим карда дода шуд. Чанде пеш, ҳокими шаҳри Ингичка Гавҳар Алимова дар шаҳраки мазкур шуда, аз рафти иҷрои лоиҳаи мазкур шинос шуд.

 

Барои обёрии майдони кишт аз 1, 5 км ба масофаи 300 метри баландӣ қубури об гузаронида шуд.

Аъзоёни кооператив ба ивази меҳнати хеш дар замини бекорхобида сабзавотҳои зиёд кишта ҳосили бисёр рӯёниданд.

 

Ҳини сӯҳбат оиди масъалаи мазкур ҳокими шаҳри Самарқанд Г. Алимова чунин гуфт:

-" Бо ташкили чунин кор мо хостем, ба оилаҳои камбизоат ёрии амалӣ расонем. Бинед ки ин восита самараи худро дод. Минбаъд ба нақша гирифтем, ки илова 500 гектари заминро ба чунин оилаҳо тақсим карда дода, ба эҳтиёҷмандон дасти ёрӣ дароз кунем ”.

Комментариев: 0
Добавить комментарий