» » » Дар Самарқанд меҳмонхонаи замонавии 9-қабата бунёд мегардад


Дар Самарқанд меҳмонхонаи замонавии 9-қабата бунёд мегардад

Дар бораи дар Самарқанд сохта шудани меҳмонхонаи замонавии 9-қабата роҳбари компанияи "PÓLUS”-и давлати Венгрия Ласло Хорват дар рафти вохӯрӣ бо ҳокими шаҳри Самарқанд Бобурмирзо Облоқулов маълумот дод.

 

Дар Самарқанд меҳмонхонаи замонавии 9-қабата бунёд мегардад

 

Тибқи маълумоти хизмати ахборотии ҳокимияти шаҳр бинои серошёнаи воқеъ дар бурриши кӯчаҳои Гагарин ва Амир Темур буда, дар ҳамкорӣ бо инвесторони хориҷа ва тадбиркорони маҳаллӣ ("REYA MED” МЧЖ)   ба меҳмонхонаи 4 ситорадори 9-қабатаи иборат аз 133 утоқҳои замонавӣ бо номи "Боғишамол плаза” аз нав бозсозӣ карда миешавад. Нархи лоиҳаи мазкур 15, 5 миллион евроро ташкил медиҳад.

 

Ҳокими шаҳри Самарқанд дар рафти сӯҳбат бо меҳмонони хориҷа дар бораи мустаҳкамнамоии ҳамкориро дар самти сайёҳӣ, таълим ва самтҳои дигари муҳим таъкид намуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий