» » » Дар вилояти Самарқанд хизматчиёни давлатӣ дар тӯли 10-рӯз аз хизмати автонақлиёт даст мекашанд


Дар вилояти Самарқанд хизматчиёни давлатӣ дар тӯли 10-рӯз аз хизмати автонақлиёт даст мекашанд

Ҳокими вилояти Самарқанд ба аксияи "10-рӯзи бе автонақлиёт”, ки аз  11-ноябри соли равон оғоз мегардад, старт дод.

 

Дар вилояти Самарқанд хизматчиёни давлатӣ дар тӯли 10-рӯз аз хизмати автонақлиёт даст мекашанд

 

Бо мақсади ба ҳаёт тадбиқ намудани фармони Президенти мамлакат аз санаи 30-октябр "Оид ба тадбиқи васеи тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ” аз санаи 11 то 21-ӯми ноябри соли равон ба ҳокимони ноҳияҳову шаҳрҳо ва вилояти Самарқанд ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллӣ пешниҳод карда шуд, ки ба коргоҳи худ бе автонақлиёт равуо кунанд.

 

Ҳокими вилоят дар нутқи хеш такя ба гуфтаҳои роҳбари Ҷумҳурии Ӯзбекистон қайд намуд, ки ҳамаи роҳбарон дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ намуна ба дигарон бояд тарзи дурусти ҳаёти солим баранд ва бо варзиш шуғл варзанд.

 

Ҳамчунин зикр гардид, ки албатта, ҳангоми зарурӣ ва равуо ба ноҳияҳои дурдаст ҳар як роҳбар аз нақлиёт истифода бурда, дар роҳ ба хона бояд пиёда раванд.

 

"Бо ин восита мо ба халқ, мардум боз наздиктар  мешавем” гӯён ҳокими вилоят таъкид намуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий