» » » Университети байналхалқии “Шёлковый путь” метавонад статуси такягоҳии ташкилоти давлатҳои СНГ –ро гирад


Университети байналхалқии “Шёлковый путь” метавонад статуси такягоҳии ташкилоти давлатҳои СНГ –ро гирад

10-ноябр, маҷлиси онлайнии Шӯрои сайёҳии Давлатҳои Мустаъқили Ҳамдӯстӣ бахшида ба таъсири манфии панҳни пандемияи коронавирус ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ гузаронида шуд. Дар ин бора Nuz.uz хабар мерасонад.

 

 

 

Дар вохӯрӣ намояндагони давлатҳои Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, России, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва намояндагони кумитаи Иҷроияи Давлатҳои Мустаъқили Ҳамдӯстӣ иштирок карданд.

 

Дар рафти маҷлис лоиҳаи чорабиниҳои Стратегияи рушди ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ барои солҳои 2021-2023-ӯм тасдиқ карда шуда, хатсайри сайёҳии транссарҳадии рушди минбаъдаи бо таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ алоқаманд муҳокима карда шуд.

 

Дар вохӯрӣ инчунин масъалаи истифодаи виза-раводид ба Давлатҳои Мустаъқили Ҳамдӯстӣ, ҷории ҳаракати бевизагии сайёҳон ҳам дида шуд.

 

Дар рафти маҷлис Ӯзбекистон дар бораи дода шудани статуси такягоҳии ташкилоти давлатҳои СНГ-ро ба университети Байналхалқии "Щёлковый путь” пешниҳод кард. Ҳозирин ин таклифро қабул карда, ба қарор омаданд, ки дар ин самт ҳуҷҷатҳои зарурӣ тайёр карда шуда, дар маҷлиси навбатӣ он дида шавад.

 

Маҷлиси навбатии Шӯрои сайёҳӣ бошад, соли 2021-ӯм дар Арманистон шуда мегузарад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий