» » » Боридани барф хуб аст, аммо...


Боридани барф хуб аст, аммо...

Прокуратураи вилоят оид ба ҳодисаи нохуш дар роҳ ба сӯи Оқдарёи вилояти Самарқанд маълумот расонид.

 

Шабона соати 22.30 дақиқаи санаи 18-ноябри соли равон ронандаи автобуси  тамғаи "GOLDEN DRAGON” А.И. ҳангоми ҳаракат аз роҳи автонақлиётии М-37-и самти "Самарқанд-Бухоро”, ки аз ҳудуди деҳаи "Мустаъқиллик”-и маҳаллаи "Пахтаобод”-и ноҳияи Оқдарё, дар километри 13-ӯм, аз сабаби ях бастани роҳи мошингард, идораи автобусро гум карда, ба тарафи рости роҳ лағжида, ба пастӣ афтидааст.

 

Дар натиҷаи ҳодисаи нақлиётӣ-роҳӣ шаҳрвандони дохили автобус буда, А.Б. ва Ф.Р. ҷароҳатҳои гуногун гирифта, ба иттиҳодияи тиббии ноҳияи Оқдарё муроҷиат мекунанд.

 

Ҷои ҳодисаи нақлиётӣ-роҳиро аъзоёни гурӯҳи фаврии зудамалӣ дидан карда, аз тарафи ходимони шӯъбаи тафтишотии ноҳиявии Садорати корҳои дохилӣ корҳои тафтишотӣ бурда шуда истодааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий