» » » Дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят масъалаҳои умда оид ба соҳаи тандурустӣ дида шуд


Дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят масъалаҳои умда оид ба соҳаи тандурустӣ дида шуд

Дар сессияи 17-ӯми Шӯрои депутатони халқи вилояти Самарқанд масъалаҳои муҳими ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, таъмини тавлиди кӯдакони солим ва масоили марбут бо ин самт дида шуд.

 

Дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят масъалаҳои умда оид ба соҳаи тандурустӣ дида шуд

 

Аз рӯи масъалаҳои дар боло зикр карда шуда, ҷонишини садорати тандурустии вилояти Самарқанд Сайфиддин Мӯъминов баромад кард.

 

Аз сабаби дар маърӯза кам оварда шудани факту рақамҳо оид ба вазъи нигаҳдории саломатии модар ва кӯдак дар мавзеъҳои дурдасти вилоят ва умуман дар Самарқанд баромади ҷонишини садорати тандурустии вилояти Самарқанд Сайфиддин Мӯъминов депутатонро ғайриқаноатбахш дониста шуд. Зеро дар баромади хеш нотиқ маълумот оиди расонида шудани ёрии амалии аниқ ба ҳудудҳои дурдасти вилоят ва дигар саволҳои муҳим ҷавоби аниқ ва маълумоти статистикӣ-омориро расонида натавонист.

 

Аз баромад маълум гардид, ки С.Мӯъминов ба сессияи мазкур тайёрӣ надидааст, аз ин ҷо, дар сессия таклифи аз вазифааш сабукдӯш кардани ҷонишини садорати тандурустӣ дароварда шуд.

 

Таъкид гардид, ки дар сессияи навбатӣ оиди корҳои амалӣ гашта дар самти нигаҳдории саломатии модар ва кӯдак, таъмини тавлиди фарзандони солим ҳисоботи роҳбари садорати тандурустии вилоят Д.Ҷуманиёзов шунида шавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий