» » » Президенти мамлакат аз рафти ислоҳотҳо дар киностудияи «Ӯзбекфильм” шинос шуданд


Президенти мамлакат аз рафти ислоҳотҳо дар киностудияи «Ӯзбекфильм” шинос шуданд

Бо мақсади иҷрои қарорҳои ҳукумат оид ба беҳ гардонии киноиндустрияи имрӯзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар киностудияи «Ӯзбекфильм” шуда, аз рафти ислоҳот ва корҳои амалигашта шинос шуданд.

 

 

Президенти мамлакат аз рафти ислоҳотҳо дар киностудияи «Ӯзбекфильм” шинос шуданд

 

 

Қобили зикр аст, ки чанде пеш бо мақсади рушди самти мазкур ҳукумати ҷумҳурӣ маблағи муайян ҷудо карда буд. Ҳамин тавр, дар тӯли соли равон павильонҳои «Ӯзбекфильм” таъмир карда шуда, студияи фильмҳои ҳуҷҷатӣ бо таҷҳизоти нави замонавӣ муҷаҳҳазонида шуд.

 

Президенти республикаамон дар рафти дидан кардани корҳои реконструксионӣ-азнавбарқароркунӣ бо фахриёни соҳа, режиссёрон ва мутахассисони кинематографияи ватанӣ сӯҳбат ороста қайд намуданд, ки дар натиҷаи бурда шудани ислоҳотҳои васеъ ва корҳои бунёдкорӣ мазмун ва мундариҷаи фильмҳо низ дигар шуданд. Ин ҷо метавон ба тариқи мисол фильмҳои "Имом Термизӣ”, "Исломхӯҷа”, "Элпарвар”, "Қӯқон шамоли”, "101”, "Ибрат”-ҳоро вирди забон кард.

 

Таъкид гардид, ки тамошобинони ватанӣ набояд зери таъсири силсилафильмҳои хориҷӣ монанд, балки дар худи мо низ чунин фильмҳо ба навор гирифта шуда, халқи мо таърих, маданият, адабиёту қадриятҳои миллии моро тавассути филмҳои пурмӯҳтавои миллӣ донанд ва тамошо кунанд...

 

Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки барои абадӣ гардонии хотираи кинематографистони ватанӣ номи мактабҳои умумтаълими миёна ба номи  актёр ва актрисаҳои дӯстдоштаи ҳамагон ба мисоли: Раззоқ Ҳамроев, Шукур Бурҳонов, Набӣ Раҳимов, Ҳамза Умаров, Лутфихоним Саримсоқова ва дигарон гузошта шаванд...

Комментариев: 0
Добавить комментарий