» » » Дар ноҳияи Булунғур Маркази замонавии хизматҳои давлатӣ кушода шуд


Дар ноҳияи Булунғур Маркази замонавии хизматҳои давлатӣ кушода шуд

Бинои нави замонавии Маркази хизматҳои давлатӣ дар ноҳиия Булунғур ба истифода супорида шуд.

 

Дар маросими кушодашаваии маркази номбурда роҳбари садорати вилоятии Маркази замонавии хизматҳои давлатӣ М.Қурбонов қайд намуд, ки бинои мазкур дар ҳамкорӣ бо корхонаи хусусиву ёрии давлатӣ қад боло карда, бо таҷҳизоти замонавии технологияҳои ахборотӣ муҷаҳҳазонида шудааст.

 

20-нафар ходимон дар хизмати халқ буда, ҳар як муроҷиат дар панҷ монитори марказ бевосита намоиш дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар маркази хизматҳои давлатӣ: қабулхонаи сарвазир, хонаи инвесторон, кассаи бонк, утоқи махсуси дода шудани ҳуҷҷати ронандагӣ ва шиноснома-паспортҳо  ҷойгир шудааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий