» » » Ҷонишини ҳокими вилоят ваъда дод, ки равған, шакар ва биринҷ арзон карда мешавад


Ҷонишини ҳокими вилоят ваъда дод, ки равған, шакар ва биринҷ арзон карда мешавад

Ҷонишини аввали ҳокими вилояти Самарқанд Ҷамшед Уроқов дар шабакаи рӯзномаи вилоятии "Зарафшон” хабар расонид, ки ба қариби қисми калони маҳсулотҳои арзони хӯрокворӣ ба аҳолӣ расонида мешавад.

 

Баъди таҳлили нархҳо дар бозорҳо муайян гардид, ки агар ҳар сол дар майдонҳои кишти Самарқанд барои кишти картошка ҳамагӣ 4-5-ҳазор гектар майдон ҷудо карда мешуда бошад, соли равон барои ин маҳсулот,  60-ҳазор гектар майдони баъди ғунучини ҳосили кишоварзии гандум муайянкардашуда, картошкаи навъҳои серҳосил кишта шудааст.

 

Тибқи фикри ходими мақомоти ҳокимияти вилоятӣ дар ҳудуд захираи калони маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ ҷамъ карда шуда, барои рафъи норасоии биринҷ ба вилоят аз Хоразм ва Республикаи Қорақалпоғистон 13-ҳазор тонна биринҷ оварда мешавад.

 

Дар асоси фармони Президенти мамлакат ба вилояти Самарқанд зина ба зина аз Тошканд равған, шакар ва  биринҷ оварда шуда истодааст.

 

Пас аз чанде вақти муайян ин маҳсулотҳо ба аҳолӣ расонида мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий