» » » Омӯзгори самарқандӣ осорхона кушод


Омӯзгори самарқандӣ осорхона кушод

Муаллими фанни таърихи деҳаи Ҷизмонсойи ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд Шерқувват Примов осорхона кушод. Аммо санаи кушодашавии музейро муаллим соли 1987-ӯм мегӯяд.

 

Омӯзгори самарқандӣ осорхона кушод

 

Ҳар як нигорае, ки дар осорхона маҳфуз аст, хеле қадим ва нодир буда, байни онҳо нигораи 3-ҳазорсола ҷойи махсусро ишғол мекунад.

 

Дар хазинаи осорхонаи номбурда, зарфҳои мисин ва сафолин, тангаҳо, китобҳои қадим ва дастнависҳо, маҳсулотҳои куҳани халқӣ ҳам нигаҳ дошта мешаванд.

 

Ҳамагӣ дар осорхонаи деҳа зиёда аз 200-то экспонат мавҷуд аст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий