» » » 61-нафар шахс бо мукофотҳои давлатӣ тақдир гардонида шуданд


61-нафар шахс бо мукофотҳои давлатӣ тақдир гардонида шуданд

Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба 61-нафар шаҳрванди Самарқанд, ки дар мустаҳкамнамоии мустақилияти мамлакат, рушди иқтисодиёт, тарбияи насли наврасро дар руҳияи ватанпарварӣ, иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дигар самтҳои муҳими иҷтимоии халқ корнамоӣ ва фидоӣ нишон додаанд, аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намуда, мукофотҳои давлатиро тақдим кард.

 

61-нафар шахс бо мукофотҳои давлатӣ тақдир гардонида шуданд

 

Дар маросими тақдиргардонии ҳамдиёронамон, ки дар арафаи 29-солагии истиқлолияти кишвари маҳбуб дар толори калони маҷлисии ҳокимияти вилоят доир гардид, ҳокими вилоят сухан карда, дар бораи ислоҳотҳои соҳаҳои хоҷагии халқ, бурда шудани корҳои бунёдкориву сохтмонӣ ва дастовардҳои халқамон истода гузашт.

 

Аз ҷумла, роҳбари вилоят таъкид намуд, ки дар ҳама давру замон меҳнати ҳалол ва кори пурсамар натиҷаи худро хоҳад дод.

Комментариев: 0
Добавить комментарий