» » » Дар ауксион бинои кӯҳна ба маблағи 2, 9 миллиард сӯм фурӯхта шуд


Дар ауксион бинои кӯҳна ба маблағи 2, 9 миллиард сӯм фурӯхта шуд

Иншооти холии мавҷуд дар яке аз ҷонибҳои Самарқанд бо нархи аввалаи 1 сӯм дар ауксиони онлайнӣ ба маблағи 2, 9 миллиард сӯм фурӯхта шуд.

 

Дар ауксион бинои кӯҳна ба маблағи 2, 9 миллиард сӯм фурӯхта шуд

 

Тибқи маълумоти Агентии идораи активҳои давлатӣ, дар рафти савдои ауксионии иншооти мазкур 15-нафар шахс иштирок карданд.Талабномаҳо барои иштирок дар ауксион то санаи 2-январ қабул карда шуда, ауксион санаи 4-январ соати 9.00 гузаронида шуд.

 

Тадбиркори ғолиб вазифадор карда шуд, ки дар тӯли 24-моҳ 28 ҷойи кори нав ташкил карда, фаъолияти меҳмонхонаро ба роҳ монад.

 

Ба ҷои маълумот мехоҳем ҳамиро гӯем, ки масоҳати майдони иншооти мазкур 0, 27 гектарро ташкил карда, хусусигардонӣ дар асоси қарори ҳокими вилояти Самарқанд аз санаи 2-декабри соли 2020-ӯм гузаронида шуда аст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий