Имрӯз ва фардо соати 18.30-и бегоҳ дар майдони Кӯксаройи Самарқанд шоуи дронҳо гузаронида мешавад. Шоуи мазкур дар доираи моҳонаи ватанпарварӣ ба муносибати фарорасии Соли Нав гузаронида мешавад.
Дар рафти чорабинӣ дронҳои махсуси ҳарранга ба баландии муайян баромада, ҳар гуна навиштаҷот ва нақшаҳоро мекашанд.
Ташкилотчии чорабинии мазкур Агентии кадастри назди кумитаи Давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кумитаи Давлатии рушди туризми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳокимияти вилояти Самарқанд, хизмати матбуотии департаменти рушди сайёҳии вилояти Самарқанд.