» » » Намояндагони артиши миллӣ бо ҷавонони Самарқанд ва Сурхондарё вохӯрданд


Намояндагони артиши миллӣ бо ҷавонони Самарқанд ва Сурхондарё вохӯрданд

Ба муносибати 29-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан бо ташаббуси ҳавзаи ҳарбии Марказӣ ва ҳайъати фармондеҳи Вазорати мудофиаи Ҷанубӣ, бо ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбие, ки муваффақиятҳои калонро сазовор гаштаанд инчунин талабагони муассисаҳои умумтаълими миёна ва наврасоне, ки дар рӯйхати профилактикӣ меистанд, вохӯрии онлайнӣ гузаронида шуд.

 

 

Дар чорабинии мазкур ҷонишини роҳбари штаб-ситоди Марказии ҳавзаи ҳарбӣ полковник Р. Туранов, ҷонишини командири қисми ҳарбии ганизони Термез подполковник А. Ҷаъфаровҳо иштирок ва сухан карданд.

 

Басуханбаромадагон дар бораи тинҷиву осудагӣ дар Ватани ободу озод ва бурда шудани ислоҳотҳои соҳа, дастгирӣ ва ҷалби ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мустаҳкамнамоии базаи моддӣ-техникии соҳаи ҳарбӣ ва ғайра истода гузаштанд.

 

Дар рафти вохӯрии онлайнӣ ҷавонон аз дастовардҳои хеш ҳарф зада, ба саволҳои мухталифи хеш ҷавобҳои аниқ ва пурра гирифтанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий