» » » Дар “Озмуни сол-2020” Самарқанд ҷои якӯмро гирифт


Дар “Озмуни сол-2020” Самарқанд ҷои якӯмро гирифт

Дар  ҳамкорӣ бо агентии ахбори Миллии Ӯзбекистон (ӮзА) ва якчанд идораҳои масъули республикавӣ маросими тақдиргардонии ғолибони "Озмуни сол-2020” баргузор гардид.

Дар он  ташкилот ва муассисаҳои дар соли гузашта фаъолӣ нишон дода дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ ва давлатӣ мукофотонида шуданд.

 

Ҳамин тавр, аз рӯи номинатсияҳои "Ҳудуди аз ҳама намунавӣ”, "Ташкилоти аз ҳама намунавии давлатӣ ва ҷамоатӣ”, "Бонки пешсафи соли 2020”, "Партияи пешсафи сиёсии соли 2020”, "Ноҳияи аз ҳама намунавӣ” соҳа ва шахсони фаъоли соли 2020 мукофотонида шуданд.

 

Дар рафти озмуни мазкур вакилон аз вилояти Самарқанд ҳам таклиф карда шуда буданд.

Аз ин ҷо, дар "Озмуни сол-2020”-и Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон дар самти "Ноҳия ва шаҳри аз ҳама намунавии соли 2020” ноҳияи Пайариқ ҷойи саввумро гирифта,  дар самти "Ҳудуди аз ҳама намунавии соли 2020” вилояти Самарқанд ҷойи якӯмро ишғол намуд.

 

Комментариев: 0
Добавить комментарий