» » » Дар Қӯшработ шахси дар мағоза дуздӣ кард ба даст афтод


Дар Қӯшработ шахси дар мағоза дуздӣ кард ба даст афтод

Тибқи маълумоти хизмати матбуотии Садорати Корҳои Дохилаи вилояти Самарқанд шаби гузариш аз санаи 8 ба 9-ӯми январи соли равон шахси номаълум аз мағозаи истиқоматкунандаи деҳаи Гийкими ноҳияи Қӯшработ К.Э., 10, 5 миллион сӯм маблағро дуздида меравад.

 

Чанд муддат нагузашта, ғоратгар ба даст меафтад. Дар натиҷаи муайян кардани изи ангуштон дар ҷои ҳодиса, аниқ карда шуд, ки ӯ сокини маҳаллаи "Барлос”-и ноҳияи Иштихон (с.т. 1996) И.К. будааст.

 

То вақти имрӯз шахси дастгир карда шуда, якчанд маротиба дар ҳабс шуда, баромадааст. Аз ин ҷо, аз рӯи ҳолати рух дода дар асоси моддаи 169-ӯми Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, корҳои тафтишотӣ бурда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий