» » » Ба ходимони хизмати боҷхонаи вилояти Самарқанд бинои нав дода шуд


Ба ходимони хизмати боҷхонаи вилояти Самарқанд бинои нав дода шуд

Ба ходимони хизмати боҷхонаи вилояти Самарқанд бинои нав дода шуд

 

Моҳи аввали соли равонро ходимони хизмати пости боҷхонаи фаъолияти иқтисодии берунаи "Самарқанд” дар бинои нав оғоз намуданд. Маркази логистикӣ дар шафати роҳи автомагистрали М-37-и самти Самарқанд-Бухоро-Туркманобод ҷой гирифта, дар ҷашни рӯзи Байналхалқии ходимони боҷхона, он ба истифода дода шуд.

 

Ҳангоми дидан кардани биноро ходимони шабакаи Ств мухбир Заррина Хақбердиева ва наворбардор Мансур Йӯлдошевҳо мавҷудияти тамоми таҷҳизоти навини замонавӣ дар биноро дидан карда ҳини сӯҳбат гуфтанд, ки он ба талабҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.

 

Дар худи ҳамон ҷо "Даричаи ягона” бо мини-банк, нуктаи маълумотнома ва хизмати брокерӣ ҳам ташкил карда шудааст.

 

Ҳамин тавр, минбаъд дар як шабонарӯз дар хизмати пости нави боҷхона  ҳуҷҷатҳои зиёда аз 70-то автонақлиёт ва зиёда аз 1300-тонна бор ба расмият дароварда мешавад.

 

Дар рӯзи ифтитоҳии бинои нав ба ходимони пешқадами соҳа тӯҳфа ва нишонаҳои сарисинагӣ тақдим карда шуд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий