» » » Дар Самарқанд омӯзгорони давлати Россия кор мекунанд


Дар Самарқанд омӯзгорони давлати Россия кор мекунанд

Дар Самарқанд омӯзгорони давлати Россия кор мекунанд

 

Рӯзҳои наздик ба вилояти Самарқанд омадани 7-нафар омӯзгорони забони русӣ ва 2 нафар методистон аз Федератсияи Россия ба назар гирифта шудааст.

 

Мақсад аз ташрифи омӯзгорони руссиягӣ ин баланд бардоштани сифати таълими забони русӣ ва баланд бардоштани методикаи сабақомӯзии муаллимони фаннӣ мебошад.

 

Дар назар дошта шудааст, ки минбаъд омӯзгорони россиягӣ дар ноҳияҳои Ҷомбой, Тайлоқ, Пастдарғам, Ургут, Оқдарё, Иштихон ва шаҳри Самарқанд ба ҳамкасбони хеш ёрии методӣ расонида, ин ҳамкорӣ бо Вазорати таълими Федератсия Россия ва Вазорати таълими халқи Ӯзбекистон назди хазинаи хайриявии Алишер Усмонов бо номи "Санъат, илм, варзиш” амалӣ карда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий