Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду нафар шаҳрванди Самарқандро дар аэропорт ҳангоми фиристодани духтареро ба фоҳишагӣ ба Туркия дастгир карданд.
Тибқи маълумоти департаменти тафтишотии ВКД Ӯзбекистон санаи 29-январи соли 2021-ӯм, Шоира Н.-И 29-сола ва Нилуфар Р.-и 32-сола бо мақсади бойгардӣ шаҳрванд бо номи "Мухлиса”-ро ба Туркия, аниқтараш ба шаҳри Истанбул фиристоданӣ мешаванд. Қаллобон ба духтарак мегӯянд, ки бо ин роҳ ӯ метавонад ба осонӣ бой шавад...
Дар натиҷаи бурда шудани корҳои тезамалӣ қаллобон дарстгир карда шудаанд.
Аз рӯи ҳолати мазкур корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.