» » » Дар Ӯзбекистон хазинаи байналхалқии ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда мешавад


Дар Ӯзбекистон хазинаи байналхалқии ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда мешавад

 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон фармон "Оид ба ташкили хазинаи ҷамоатии ба номи Алишер Навоӣ"-ро имзо карданд. Дар ин бора "Даракчӣ” хабар мерасонад.

 

Вазифаи асосии хазина: омӯзиши васеъ ва оммавигардонии ҳаёт ва мероси ғании Алишер Навоӣ, тарҷумаи шеърҳои ӯ ба забонҳои хориҷа, расонидани ёрӣ ба тадқиқотчиёни мероси илмӣ ва адабии шоир, ташкилу баргузории чорабиниҳои муҳим дар рӯзи таваллуди Алишер Навоӣ, гузаронидани конференсияҳои байналмилалии "Навоихонӣ” ва дигарон мебошад.

 

Аз рафти фаъолияти минбаъдаи хазинаи мазкур мо дар матнҳои дигари шабака хабар хоҳем расонид.

Комментариев: 0
Добавить комментарий