» » » Моҳи март ба курраи Замин астероиди калон наздик мешавад


Моҳи март ба курраи Замин астероиди калон наздик мешавад

 

Санаи 21-марти соли равон ба курраи Замин астероиди калонҳаҷми 2001 F032 наздик мешавад, дар ин бора NASA хабар мерасонад. Дар маълумотнома гуфта шудааст, ки "санги осмонӣ"-и мазкур калонтарин ҷисм байни ҷисмҳои ба Замин наздик шаванда мебошад.

 

2001 F032-яке аз объектҳои ба Замин наздике мебошад, ки дар атрофи офтоб давр мезанад. Тибқи маълумотҳо шумораи ин гуна ҷисмҳо то 25-ҳазор расида, 2, 1 ҳазор тои онҳо "ҷисмҳои осмонӣ”-и хавфнок барои Замин ба ҳисоб меравад.

 

Дарозии 2001 F032 1 км-ро ташкил дода, он бо суръати 34, 4 км.дар як сония ба пеш ҳаракат карда истода аст.

 

Астрономҳо мегӯянд: астероид аз паҳлӯи Замин дар масофаи 2 млн.км. гузашта ин масофа 5 баробари масофаи байни Замин ва Маҳро ташкил мекунад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий