» » » Минбаъд 20-ҳазор нафар шахс метавонанд шаҳрванди Ӯзбекистон шаванд


Минбаъд 20-ҳазор нафар шахс метавонанд шаҳрванди Ӯзбекистон шаванд

 

Аз 1 майи соли равон боз 20-ҳазор нафар шахс метавонанд шаҳрванди Ӯзбекистон шаванд. Дар ин бора дар Фармони Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев "Оид ба дода шудани шиносномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон” тавассути  агентии УзА маълумот расонида шуда аст.

 

Сухан дар бораи шахсоне меравад , ки дар муддати 15-сол бе номи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон зиндагонӣ кардаанд. Дар ин бора шабакаи Sputnik Узбекистан хабар мерасонад. Ҳамин тавр, тибқи маълумот ҳуқуқи гирифтани шиносномаи шаҳрвандро шахсоне доранд: якӯм, агар то 1 январи соли 2005-ӯм ба Ӯзбекистон омада бошанд ва дуввум хоҳиши шарванди Ӯзбекистон шуданро дошта бошанд.

 

Ёдрас мекунем, ки соли 2019-ӯм тартиби дода шудани шниосномаи Ӯзбекистон муайян гардида, ба 50-ҳазор нафар шаҳрвандоне, ки то соли 1995-ӯм дар республика истиқомат мекарданд, шиноснома дода шуда буд.

 

Тибқи маълумоти компанияи Henley&Partners, Ӯзбекистон дар радифи 86-ӯми шиносномаҳои ҷолиби ҷаҳонӣ дохил карда шудааст. Қобили зикр аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба 57-мамлакати дунё метавонанд, бе виза-раводид равуо кунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий