» » » Маркази илмӣ-тадқиқотии байналмиллалии Имом Бухорй дар Самарқанд (тадж)


Маркази илмӣ-тадқиқотии байналмиллалии Имом Бухорй дар Самарқанд (тадж)

Маркази илмӣ-тадқиқотии байналмиллалии Имом Бухорй дар Самарқанд (тадж)Маълуматон,ки санаи 11-январи соли ҷорӣ президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳангоми ташриф ба вилояти Самарқанд аз рафти корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар маркази илмӣ-тадқиқотии байналмиллалии Имом Бухорӣ дидан карда буданд.

Вазифаи асосии марказ бошад, тавассути мероси ғании мутафаккирони Шарқ тарғиб намудани дини инсонпарвар дар олам- дини ислом мебошад.

Шовасил Зиёдов-директори маркази илмӣ-тадқиқотии байналмиллалии Имом Бухорӣ: "Роҳбари давлатамон қайд намуданд,ки дар харитаи дунё боз як марказ пайдо шуд. Аз ин мо хеле хурсандем. Дар миқёси ҷаҳон низ диққат ба марказ хеле афзуд".

Ҳангоми ташрифи президенти ҷумҳуриамон ба давлати Германия мутахассисони марказҳои тадқиққотии исломӣ шавқмандии хешро нисбат ба ташкили ин марказ ва ояндаи наздик нияти дар он манзил бурдани корҳои тадқиқотиро баён карда буданд.

Қобили қайд аст, ки дар хазинаи марказ наздики ҳазор дастнависҳову асарҳои чопи сангӣ мавҷуд буда, тадқиқотчиёни забони арабӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ бо тарҷумаи асарҳои мутафаккирон, ҷамъи нусхаҳои дастнависҳои дар китобхонаҳо ва бойгониҳои давлатҳои хориҷа маҳфуз буда, шуғл доранд.

Ҳоло бошад 45 нафар тадқиқотчиёни илмӣ бо ҳамкасбони аврупоӣ ва шарқ аз қабили : маркази тадқиқотҳои исломии Оксфорди Британияи Кабир, университети Кембридж, институти олами Араби Франсия,Туркия, Покистон, Малайзия, ИМА, Арабистони Саудӣ, Миср ва чанде дигарон,ки дар тарғиби мероси бузургони қарнҳои гузаштаи сарзамини мо аҳамияти калон дорад, ҳамкории қавӣ доранд.

Чанде пеш аз Миср наздики ҳазорто китобҳои ба забони арабӣ нашр шудаи мутафаккирони Мовароуннаҳр Имом Бухорӣ ва Имом Ат Термизӣ оварда шуд.

Дар қабати якӯми марказ бошад, осорхона ташкил карда шуда, дар он нигораҳо оид ба ҳаёту сафарҳои илмии Имом Бухорӣ гузошта шудаанд.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий