» » » Шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад ибн Умаршайх Мирзо 536 сола шуд (тадж)


Шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад ибн Умаршайх Мирзо 536 сола шуд (тадж)

Шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад ибн Умаршайх Мирзо 536 сола шуд (тадж)14-феврали соли равон 536 солагии шоир Заҳириддин Муҳаммад ибн Умаршайх Мирзо дар тамоми ҷумҳурии Ӯзбекистон васеъ ҷашн гирифта мешавад.

Аслан шоири бузург соли 1483 дар Андиҷон дар оилаи ҳокими вилояти Фарғона Умаршайх Мирзо таваллуд ёфта, дар синни 12-солагӣ баъди вафоти фоҷиавии падараш ба тахт мешинад.

Охирҳои асри ХIV дар Мовароуннаҳр низоҳои сиёсӣ рух медиҳанд. Бобури ҷавон низ дар рафти ин низоъҳо ба давлатҳои ҳамсоя юриш карда, аввал шаҳрҳои Ғазна ва баъдан Қобулро ишғол менамояд. Соли 1526 бошад, ӯ Ҳиндустонро забт намуда, онҷо зиёда аз 300 сол ҳукмронӣ мекунад.

Дар тадбире,ки дар маркази ахборотии китобхонаи ба номи А.С.Пушкини ш.Самарқанд бахшида ба ҷашни 536 солагии яке аз вакилони адабиёти мумтози ӯзбек, шоири бузург, арбоби давлатӣ, асосгузори сулолаи бобуриён Заҳириддин Муҳаммад ибн Умаршайх Мирзо гузаронида шуд, хонандагони муассисаи таълими миёнаи умумии 5-и ноҳияи Самарканд ва ходимони маркази ахборотӣ иштирок карданд.

Хонандагон дар баромади хеш оиди ҳаёт ва фаъолияти шоҳ ва шоир Бобур Мирзо маълумоти васеъ дода, шеъру тарона, рубоиҳоро аз эҷодиёти ин мутафаккири бузург қироат намуданд.

Қобили қайд аст,ки то давраи мо аз Бобур Мирзо ба ғайр аз 119 ғазал, 209 рӯбоӣ, 10 қитъаҳову 50 муаммо ва 60 фардҳо, 8 маснавӣ низ омада расидааст.

Дар яке аз асарҳои бузурги шоир "Бобурнома", маълумотҳои пурмӯҳтавои таърихӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра хеле васеъ оварда шуда, он дорои аҳамияти беқиёс мебошад.

Дар хотимаи тадбир бошад, ба диққати хонандагон намоиши мултимедиавӣ оид ба ҳаёт ва фаъолият, юришҳои ҳукмдори қарнҳои гузашта шоҳ ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур тақдим карда шуд.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий