» » » Шаҳрро якҷоя тоза нигоҳ дорем (тадж)


Шаҳрро якҷоя тоза нигоҳ дорем (тадж)

Шаҳрро якҷоя тоза нигоҳ дорем (тадж)Ходимони корхонаи давлатӣ унитарии "Мароқанд Обод" таҳти шиори "Шаҳрро якҷоя тоза нигоҳ дорем” бо хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии Самарқанд вохӯриҳои маърифӣ ташкил карда, оиди тоза нигоҳ доштани муҳити зист , ба хелҳо ҷудо карда партофтани ахлоттудаҳо маълумот дода, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.

Чунин чорабинӣ дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии 34-ми шаҳри Самарқанд гузаронида шуд.

Яке аз иштирокчиёни ин тадбир Исломхон Файзуллоев ҳини суҳбат гуфт,ки ӯ низ минбаъд барои боз ҳам тозатар гаштани Самарқанд саҳмгузор хоҳад гашт,зеро дар рафти ин саволу ҷавобҳо барои худ маълумотҳои заруриро гирифтааст.

Исломхон Файзуллоев: "Ман имрӯз ҳаминро фаҳмидам, ки масалан шишаҳоро дар қуттии дигар, картону коғазҳоро дар дигар қуттӣ ва тахтаву дигар чизҳои нолозимаро боз дар қуттӣ партофтан лозим будаст".

Зайнаб Кудратова: ""Мароқанд Обод " ба мо мусобиқаҳо,озмунҳои шавқовар ташкил карданд, масалан ахлоттудаҳоро якҷоя не, балки ба контейнерҳои ҷудогона партофтан даркор будааст..ин ва дигар чизҳои муҳимро ба мо фаҳмониданд".

Дар рафти вохӯрӣ барои Исломхон ва ҳамсинфонаш видеоролик оиди ба хелҳо ҷудо кардани ахлоттудаҳо ва онҳоро ба қуттиҳои махсус партофтаннамоиш дода шуд.

Ташкилотчиён ба хонандагон тавассути бозиҳои шавқовар, ки дар мамолики хориҷ, аллакай, дар таҷриба аст,гуфта гузашта дар бораи вазъи экологӣ ва ҷамъи ахлоттудаҳо маълумотҳои мушаххас расониданд.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий