» » » Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Самарқанд (тадж)


Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Самарқанд (тадж)

Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Самарқанд (тадж)Дар маркази китобхонаи ахборотии вилояти Самарқанд, дар сектори корҳои маърифӣ-маданӣ бо ҷавонон тадбир бахшида ба "Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ" баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни ДД Самарқанд, ходимони маркази китобхонаи ахборотии вилояти Самарқанд, намояндагони марказҳои маданӣ ва дигарон иштирок карданд.

Ҷонишини директори маркази китобхонаи номбурда Наргиза Саидмуродова дар оғози тадбир оиди мақоми забон дар ҷомеа, сухан кард.

Сипас, донишҷӯёни ДД Самарқанд назди ҳозирин баромад намуда, ҳар як ба забони модарии хеш шеър хонда, оиди мавқею мароми забон дар ҷомеа ҳарф заданд. Донишҷӯи факултаи физикаи ДД Самарқанд Улуғбек Сайфиев аз осори мунтахаби Муҳаммад Юсуф шеъру байтҳои ҷолиб қироат намуд, ғайр аз ин аз рӯи баъзе асарҳои адиб саҳначаҳо низ намоиш дода шуданд.

Нотиқони тадбир иброз доштанд, ки имрӯзҳо зери сиёсати одилонаю оқилонаи сарвари давлат, дар Ӯзбекистон намояндагони миллатҳои гуногун бо забони модарии худ озодона ҳарф мезананд, таълим мегиранд ва новобаста аз он,ки дар Ӯзбекистон забони давлатӣ забони ӯзбекист вобаста ба моддаи махсуси конститутсия аз ҷониби ҳукумат баҳри пешравии дигар забонҳои мавҷуда шароитҳо фароҳаманд, ки ин ҳама баҳри мустаҳкам гардидани дӯстии халқҳо мусоидат мекунад.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий