» » » Пули 100 000 сӯма дар муомилот


Пули 100 000 сӯма дар муомилот

Пули 100 000 сӯма дар муомилотДар нуктаҳои ивази асъори бонкҳои тиҷоратии Самарқанд ба мизоҷон пули 100 000 сӯмаи аз санаи 25 феврали соли равон дар муомилот буда дода мешавад. Агар баъзеи аз ҳамшаҳриён бо шунидани ин хабар хушҳол гашта бошанд, бархеи дигарон аз беқурбшавии пул ба таҳлука афтодаанд.

Ёдрас мекунем, дар Ӯзбекистон чунин воҳиди пулии калон 50 000 сӯмӣ моҳи августи соли 2017, ба муомилот бароварда шуда буд.

Айни ҳол пули 100 000 сӯма фақат дар нуктаҳои ивази асъори бонкҳо дода шуда истода, дар ояндаи наздик тавассути банкоматҳои шаҳр ба аҳолӣ дода мешавад. Пули 100 000 сӯма ранги равшани ҷигарранг ва кабуд дошта, дар кунҷи болоии тарафи асосӣ симои олими бузурги ӯзбек Мирзо Улуғбек ва дар тарафи дигари он расадхона ва ашёҳои астрономӣ тасвир карда шудаанд.

Фарқияти асосии пули мазкур мавҷудияти элементи барҷастагӣ барои нобиноён мебошад.

Мумкин аст, ки бисёре аз шаҳрвандон баъди ба муомилот баромадани пули 100 000 сӯма дар фикри баланд шудани нархи молу маҳсулотҳо бошанд. Аммо масъулини бонки Марказии вилояти Самарқанд оиди ин масъала маълумот дода гуфтанд, ки чунин ташвишу гумонҳо асос надоранд.

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий