» » » Ёдбуди устод С.Айнӣ дар Самарқанд


Ёдбуди устод С.Айнӣ дар Самарқанд

Парерӯз дар Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ шаби адабӣ бахшида ба рӯзи таваллуди асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустпрезиденти Академияи илмҳои Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳоиҶумҳурии Ӯзбекистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Саидмуродзода Айнӣ баргузор гардид. Дар он толибони илми ин даргоҳи бонуфузи шаҳри қадим, олимону профессорон, аҳли илму адаб, вакилони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд.


Нотиқон дар бораи нақши устод дар ташаккули адабиёти муосири ҳам тоҷик ва ҳам ӯзбек, истеъдоди шоирию публисистӣ, насрнависию олимии С.Айнӣ истода гузаштанд.

 

Дар бораи забони асарҳои устод, ки дар онҳо ҳам забони гуфтугӯӣ ва ҳам қоидаҳои сарфу наҳви забони тоҷикӣ инъикос шудаанд, профессори ДД Самарқанд Амон Воҳидов гуфта гузаштанд.

 

Қобили қайд аст, ки эҷодиёти С.Айнӣ дар таърихи пешрафту тараққиёти маданияту бойгардонии хазинаи адабиёти халқи тоҷик хело калон аст. Аз ин рӯ, устодони ДД Самарқанд дар бораи асарҳои безаволи С.Айнӣ ва дар бораи марди пуркору меҳнатдӯст будани устод, омӯзгориву луғатдонӣ, забоншиносиву таърихдонӣ ва оинаи дили халқи мо будани нависандаи бузург гуфта гузаштанд.

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий