» » » Боз як саёҳат ба Самарқанди қадим


Боз як саёҳат ба Самарқанди қадим

Дар ҳамкорӣ бо Агентии туризми Ҷавонони Иттифоқи Ҷавонони Ӯзбекистон ва Донишгоҳи Давлатии Андиҷон дирӯз як гурӯҳ профессору донишҷӯён барои саёҳат ба Самарқанди бостонӣ омаданд.



Қобили қайд аст, ки диққати оламиён ва сайёҳони ватаниро таърихи қадим, бунёди ёдгориҳои бетакрори шаҳри куҳан ва замини муқаддаси он ҳамеша ҷалб карда меояд. Аз ин рӯ, ташкили чунин саёҳат барои ҷавонон ба Самарқанди ҳамешабаҳор ва дигар шаҳрҳои қадимаи Ӯзбекистон-Ватани ҷонаҷон дар рушди сайёҳии дохилӣ ва омӯзиши таърихи бойи ниёгонамон аҳамияти калон дорад.

 

Саёҳатчиён бошанд ҳини сӯҳбат мегӯянд, ки "...имрӯз хеле хурсандем ва сарфароз, ки бевосита, бо чашмони худ ин муҳташамӣ, ин салобот, ин бузургии шаҳри зеборо мебинем."

 

Дар тӯли як рӯз ҷавонон оғоз аз майдони Регистон то ёдгориҳои бетакрори Гури Амиру Имом Бухорӣ, Шоҳи Зиндаву Хӯҷа Дониёр ва дигар манзилҳои шуҳратёри кантро тамошо карданд.

 

Тибқи маълумоти Агентии туризми Ҷавонони Иттифоқи Ҷавонони Ӯзбекистон чунин сайру саёҳат ба ёдгориҳои таърихии Самарқанди қадим ва ҷумҳуриамон мунтазам ташкил карда мешаванд.

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий