» » » ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ


ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ

Бузургони маърифатпарвари мо китобро "ҷавшани ҷон", "чароғи раҳнамо"-ву сарчашмаи дониш хондаанд. Аз ин рӯ дар тадбире, ки дар маркази китобхонаи ахборотии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Самарқанд баргузор гардид, дар бораи аҳамияти китоб ҳамчун махзани бебаҳо сухан карда шуд.

 


Ҷонишини роҳбари маркази номбурда Наргиза Саидмуродова дар бораи ресурсҳову адабиётҳои навини китобхона истода гузашта қайд намуд,ки дар 12 сектор ва шаш шӯъбаи калони китобхона зиёда аз 633 ҳазор китобу маводҳои шавқовари адибони машҳури дунё, инчунин китобҳо оид ба касбу кор, маҷаллаву рӯзномаҳо ва ғайра мавҷуданд. Аз ин ҷо, ҳар рӯз садҳо нафар талабаву хонандагон ва сокинони шаҳри бостонӣ ҳам ба таври электронӣ ва ҳам тавассути сомонаҳо метавонанд маълумотҳои барои хешзаруриро дарёфт намуда, истифода баранд.

 

Дар рафти баргузории рӯзи байналмиллалии китоб, ки таҳти шиори "Дар ҷаҳон ҷуз китоб дӯсти ҳақиқӣ нест" гузашт, тарбиятгирандагони маҳаллаи бачагон СОС, намояндагон аз маркази бачагони вилоятии "Баркамол авлод", талабагони коллеҷи санъати Самарқанд, хонандагони мактаби миёнаи рақами 21-ӯми шаҳри Самарқанд ва ходимони шӯъбаҳои гуногуни маркази китобхонаи ахборотӣ иштирок карданд.

 

Хонандагон ва талабагон дар баромади хеш порчаҳо аз шеърҳои шоирони маъруфро қироат намуда, гуфтаҳои бузургонро оид ба дониш ва китобхонӣ манзури ҳозирин карданд. Дар хотимаи тадбир бошад, фаъолон сазовори тӯҳфаҳои маъмурияти марказ, яъне китобҳои дӯстдоштаи адибони маъруф гаштанд.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий