» » » "Ватани ҷонаҷони ман"-фестивали санъати амалй ва тасвирй дар Самарқанд


"Ватани ҷонаҷони ман"-фестивали санъати амалй ва тасвирй дар Самарқанд

Дар доираи ҳафтаи санъати амалӣ ва тасвирии кафедраи санъати тасвирии мактаби санъати ихтисосонидашудаи Самарқанд дар осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистони осорхона-мамнӯъгоҳи бадеӣ ва меъмориву таърихии иттиҳодияи Давлатии Самарқанд намоиши ҳисоботии "Ватан аз нигоҳи ман" баргузор гардид.

 


 

Дар оғози тадбир сармуҳофизи осорхонаи номбурда Маҳмудхон Юнусов ба сухан баромада, дар бораи аҳамияти баргузории ин чорабинӣ ва ташкили намоиши расмҳо, ғамхории ҳукумату давлати Ӯзбекистон баҳри дастгирии ҷавонони боистеъдод ва рассомон, инчунин инкишофи ин самти санъат истода гузашт.

 

Намояндагони санъату маданияти вилоят, рассомон ба сухан баромада ба наврасон, хонандагон, толибони илми мактабҳои умумтаълим ва коллеҷи санъати шаҳри бостонӣ дар хонишу фаъолияти рассомӣ комёбиҳо таманно намуда, дар бораи шароити хониш ва имкониятҳои донишандӯзӣ, ташкилу баргузории озмунҳо дар ҷумҳурӣ ҳарф заданд.

 

Сипас, устодону иштирокчиёни тадбир дар толори намоишгоҳи барҳавои ошёнаи чаҳоруми осорхона рассмҳои рассомони ҷавонро аз назар гузарониданд.

 

Расмҳо дар мавзӯъҳои гуногун буда, хеле ҳам зебо ва диққатҷалбкунанда буд. Агар яке аз толибони илм ёдгории таърихии Самарқандро ба қалам дода бошад, рассоми ҷавони дигар сурати шахсони алоҳидаро рӯи қоғаз оварда буд.

 

Хотиррасон мекунем, намоиши расмҳои рассомони ҷавон як моҳ давом мекунад.


Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий