» » » Нусхаи нодири китоби қуръон дар осорхонаи Самарқанд


Нусхаи нодири китоби қуръон дар осорхонаи Самарқанд

Дар осорхонаи таърихи маданияти халқҳои Ӯзбекистони Самарқанд зиёда аз 235 ҳазор нигораву экспонатҳои нодир мавҷуд буда, байни ин нигораҳо мавҷудияти китоби қуръони карим диққати бостоншиносон, олимон ва оламиёнро ҳамеша ба худ ҷалб карда меояд. Сабаб дар он аст, ки дар осорхона нусхаи нодири яке аз китобҳои калонҳаҷми қуръон дар Осиёи Миёна маҳфуз аст. Тибқи фикри таърихчиён ин нусхаи калони китоби мазкур дар байни китобҳои қуръони мамолики шарқ ягона аст.



 

Бостоншиносон ин китобро яке намунаҳои беҳтарини санъати хаттотӣ гуён эътироф ҳам мекунанд. Чанде пеш бошад, дар осорхонаи номбурда экспозитсияи нави омӯзиши таърихи бунёди мақбараи Амир Темур ташкил карда шуд.

 

Дар ин намоишгоҳ дар баробари китоби муқаддаси қуръон нигораҳо оид ба аввали асри бистӯм ва нимаи дуввуми асри бист ҷамъ карда шуда, ба тамошобин дар бораи бурда шудани корҳои таъмирию тармимӣ дар гумбази мақбара, бозёфти ҳуҷҷатҳои муҳими таърихӣ, кофтукобҳои илмӣ, археологӣ, антропологӣ дар қисми хилхонаи мақбара ва дарёфти нигораҳои нав, тобути аз чӯби дарахти арчаи сиёҳ сохта шудаи Амир Темур ва ғайраҳо гузошта шудаанд.

 

Меҳмонон ва сокинони шаҳри бостонӣ минбаъд метавонанд аз ин намоишгоҳи пурарзиши таърихӣ дидан карда, барои худ маълумотҳои заруриро дарёфт намоянд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий