» » » Баргузории туйи хайриявӣ дар ноҳияи Оқдарё


Баргузории туйи хайриявӣ дар ноҳияи Оқдарё

Беҳин коре,ки андар зиндагонист,

Накӯкорӣ ба кас роҳатрасонист,

гуфтаанд, гузаштагони донишманди мо,

аз ин рӯ амалан ба ин гуфтаҳо чанде пеш бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд барои шаш нафар ҷавонони мавзеъ ва 28 нафар бачаякони хурдсол дар яке аз тарабхонаҳои ноҳия туйи суннатӣ ташкил карда шуд.

 


Қобили қайд аст, ки рӯзи тӯй ҳар як сокини ноҳияи Оқдарё бо тӯёна омада, масъулини ҳокимияти ноҳия ҳам камарбаста буданд.

 

Рӯзи тӯй бошад, шодиву хурсандии тӯйдорон бахусус хурдтаракон ва волидайн ҳадду канор надошт. Ҳини сӯҳбат модарон ба ҳукумату давлати Ӯзбекистон ва президенти мамлакат миннатдории хешро баён карданд.

 

Ҳомиён бошанд кӯшиш намуданд, то ба ҳар як оилаи ҷавон тӯҳфаҳои арзанда тақдим карда, хурдтараконро бо тӯҳфаи барояшон беҳтарин, яъне велосипед хурсанд намоянд.

Тӯҳфаҳо барои навхонадорон, ҷиҳозҳову мебел барои хона, хони пурнозу неъмат, созу тарона, рақсу бозӣ, табрикотҳо кайфияти домодҳову арӯсонро дучанд гардонид.

 

Бояд тазаккур дод, ки ҳар яке аз соҳибтӯён ба президенти давлатамон миннатдории беинтиҳо баён карда, шукронаҳо мегуфтанд, ки маҳз бо сарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари мамлакат ин гуна чорабиниҳои хайриявӣ ва хурсандиҳо гузаронида шуда истодаанд.

 

Дар навбати хеш ҷавонони хушбахт ва волидони бачаякон ваъда доданд, ки минбаъд дар пешрафти ҳаёти иқтисодии меҳани ҷонаҷон Ӯзбекистони азиз ҳамеша боғайрат меҳнат мекунанд.

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий