» » » Дар Самарқанд садамаи марговар рух дод


Дар Самарқанд садамаи марговар рух дод

Дар Самарқанд садамаи марговар рух додСадама дар пастии роҳи маҳаллаи Ӯзбеккенти рух дода, автонақлиёти "КамАЗ" ва мошини сабукрави "Нексия" бо ҳам бархӯрданд. Тибқи фикри шоҳидони воқеа автонақлиёти "КамАЗ, ки пур аз хок буд, болои мошини сабукрав чаппа гаштааст.

 

Тибқи маълумоти хизмати матбуотии Садорати Бехатарии Ҳаракати Роҳи Садорати Корҳои Дохилии вилоят, дар сари рули автонақлиёти "КамАЗ" ҷавони 19-сола Д.С. (с.т.1999) буда, ӯ сӯи "Ӯзбеккенти-Қорасув" ҳаракат мекард. Садама бо мошини сабукрави "Нексия-3" дар (автомагистрал) ҷониби роҳи М-37-Ӯзбеккенти рух дода, ронандаи мошини сабукрави "Нексия-3" З.Х. дар ҷои воқеа вафот кардааст.

 

Аз рӯи воқеаи рухдода, дар асоси моддаи 266 Кодекси Ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисми дуввум, парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, корҳои тафтишотӣ бурда шуда истодаанд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий