» » » Натиҷаи суди садамае, ки сабаби қурбоншавии инсон гашт


Натиҷаи суди садамае, ки сабаби қурбоншавии инсон гашт

Дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд суди шахси айбдор ба воқеаи садама дар роҳ, ки сабаби ҷон бохтани як нафар гаштааст, ба охир расид.

 

Тавре дар парвандаи судӣ оварда шудааст, дар 8-ӯм километри автомагистрали М-37-и сӯи "Самарқанд-Бухоро" ҳаракаткунанда, ронандаи автонақлиёти тамғаи "Орландо" пиёдагардро мезанад. Дар натиҷаи захмҳои зиёди гирифта, шахси ба садама дучор шуда, вафот мекунад.

 

Тибқи маълумоти идораи судӣ, айбдори садама Азамат Юсупови соли таваллудаш 1984 мебошад. Ӯ шаҳрванди шаҳри Турткӯли Ҷумҳурии Қароқалпоғистон буда , мошин ба номи ҳамшаҳриаш Сабоҳат Сапарбаева будааст. Ҳангоми рух додани садама бошад ронандаи мошин Азамат Юсупов буд.

 

Рафти воқеа чунин буд, айбдор Азамат Юсупов тахминан соатҳои 15.00 бо мусофире аз Тошкандшаҳр бо тезии 80-90 км/с бармегашт.

 

Дар рафти тафтишоти судӣ Азамат Юсупов ба айби худ иқрор шуда гуфт, ки дарҳақиқат пиёдагард Василя Бегматоваро, ки дар тарафи чапи роҳ мегашт, бо мошин задааст.

 

Баъди садама ӯ мошинро нигоҳ дошта, ба зани ҷароҳатдида ба зудӣ ёрӣ расонида, занро шифохона мебарад. Аммо зани ҷароҳатдида дар роҳ то расидан ба шифохона аз олам чашм мепӯшад.

 

Нигоҳ накарда ба иқрор шудан ба садама ва гувоҳидиҳии ашхос, суд ронанда Азамат Юсуповро гунаҳкор донист.

 

Айбдор дар асоси банди 2 боби 266 (вайрон карда шудани қоидаи роҳ ё истифодаи воситаи нақлиётӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба муддати 1 солу 6 моҳ аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум карда шудааст. Ба ғайр аз ин изн яъне санксияи ҷаримавӣ ба миқдори 50 ҳадди аққали моҳона аз айбдор ситонида мешавад ...

 

Айбдор бояд қарзро ба миқдори 10.136.500 сӯм бар фоидаи давлат супорад.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий