» » » Озмуни "Олами кӯдакон" дар телеклуби "Алтоҳир"


Озмуни "Олами кӯдакон" дар телеклуби "Алтоҳир"

Дирӯз дар телеклуби "Алтоҳир"-и Самарқанд барои ғолибони озмуни "Беҳтарин расмҳои бачагон" барномаи шавқовари консертӣ гузаронида шуд. Он бо ташаббуси гурӯҳи эҷодии "Аладдин" ва дар ҳамкорӣ бо супермаркети "Фаровон", маркази бачагони "Плей зона барака"-и шаҳри бостонӣ ташкил карда шуд.

 


Қобили қайд аст, ки баъди эълони озмун оғоз аз якӯм то 20 майи соли равон дар мавзӯъҳои: "Ман ва тобистон", "Қаҳрамони афсонавии ман", "Кишвари маҳбуби ман" ва "Оилаи ман" бачаҳо фаъолӣ нишон дода, наздики 200-то расмҳои гуногунро пешниҳоди ҳакамон гардониданд.

 

Дар навбати худ ҳакамон ва ташаббускорони озмун баъди дидан кардани ҳар як расм, 53-тои беҳтаринро интихоб карда, хурдсолонро ба маросими тақдиргардонӣ ва барномаи консертӣ ба телеклуби "Алтоҳир" таклиф намуданд.

 

Дар рафти тадбир гурӯҳи эҷодии "Аладдин" барои бачаҳо озмунҳои шавқовару мусобиқаҳову бозиҳои варзишӣ, саволу ҷавобҳо ва викторинаҳо ташкил карда, бо намоиши саҳначаҳои аҷоиб бачаҳоро хурсандӣ бахшиданд.

 

Дар озмун бошад, бачаякон аз синни 5 то 12-сола иштирок карда, ташкилотчиён ва ҳомиён кӯшиш карданд, ки ягон нафар кӯдак беэътибор намонад. Барои беҳтаринҳо тӯҳфаҳои хотирмон ва барои боқимондаҳо ифтихорномаву тӯҳфаҳои пурарзиш ҳадя карданд.

 

Шахло Ахророва

Комментариев: 0
Добавить комментарий