» » » Сагҳои низомӣ зидди нашъамандӣ


Сагҳои низомӣ зидди нашъамандӣ

Сагҳои низомӣ зидди нашъамандӣНигоҳ накарда ба дарҷи қарорҳои бисёри давлатӣ оид ба бурда шудани мубориза алайҳи нашъмандӣ- маводи мухаддир, мутаассифона ин роҳи нодурустро пеша кардагон пайдо мешаванд.

Аз ин ҷо, аз тарафи хизмати кинологии шуъбаи нигаҳдории тартиби ҷамоатии хизмати пости патрулии садорати корҳои дохилӣ дар ҷойҳои ҷамоатии шаҳри Самарқанд назоратро дар ин самт мустаҳкам мекунанд.

 

Тибқи маълумоти маъмурияти питомники сагҳои низомии кинологияи вилоятӣ, дар чоряки якӯми соли гузашта, дар натиҷаи гузаронидани корҳои тафтишотӣ, бо ёрии сагҳои низомӣ, 754 92гр моддаҳои нашъаовар ёфт шуда, дар ҳамин даври соли равон 187,7 гр маводи мухаддир боздошта шудааст.

 

Агар дар 4 моҳи соли 2018 боёрии сагҳои низомӣ 51-то ҷиноят фош карда шуда бошад, соли равон ин нишондиҳанда 53 ҷиноятро ташкил дод. Аз инҳ: ду ҳолати қотилӣ, 42 ҳодисаи дуздӣ , 2 ҳолати ғоратгарӣ , 4 ҷиноят оид ба нашъамандӣ, дар чаҳор моҳи гузашта , ба қайд гирифта шуда аст.

 

Имрӯз дар питомники кинологияи вилоятӣ ҳамагӣ 113-то сагҳои низомӣ барои хизмат нигаҳ дошта шуда, онҳо дар рафти корҳои фаврии ҷустуҷӯии ҷинояткорон ва дарёфти маводи мухаддир истифода бурда мешаванд. Ходимони соҳа сагҳои чӯпонии олмонӣ, сагҳои чӯпонии аврупои шарқӣ, сагҳои лабрадор, сагҳои спаниэълӣ, инчунин сагҳои зотии дигари беҳтаринро ба хизмати низомӣ ҷалб карда истодаанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий