» » » Дар массиви Сартеппаи шаҳри Самарканд таркиш ба амал омад


Дар массиви Сартеппаи шаҳри Самарканд таркиш ба амал омад

Шаби гузариш аз 8 ба 9 июни соли равон, тахминан соатҳои яки шаб, дар қабати якуми хонаи серошёнаи массиви Сартеппа, тахминан дар натиҷаи баромадани гази табиӣ таркиш ба амал омад. Хушбахтона ҷароoатдидагон нестанд.

 

Дар массиви Сартеппаи шаҳри Самарканд таркиш ба амал омад

Ин хонаи нуҳқабатаи азими дар шафати муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 24-ӯм қад афрохтаро сокинони ин манзил «Титаник» мегӯянд. Тибқи фикри гувоҳон ҳангоми таркиш хона холӣ буда, соҳибаш дар мамлакати хориҷ будааст. Ҳини сӯҳбат ҳамсояҳо гуфтанд, ки хонаро хоҳари соҳибхона ҳар ҳафта омада, дидан карда меравад ва чанде пеш ҳам омада, утоқҳоро аз назар гузаронида дида рафта буд.

 

Ходимони хадамоти отшнишонии вилоят баъди гирифтани хабари таркиш, фавран ба ҷои воқеа расида омада, оташро хомӯш карданд. Оташ ба қабатҳои болоӣ нарасидааст. Алҳол, сабаби таркиш муайян карда мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий