» » » Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Самарқанд


Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Самарқанд

Барномаи консертӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ва таҷлили зодрӯзи шоираи бачагон Маҳбубаи Неъматзода таҳти шиори "Бачаҳо-кафолати ҳаёти ояндаи дурахшон ва бузурги мо" дар толори маҷлисии мактаби мусиқӣ ва санъати рақами 12-и ноҳияи Самарқанд бо ташаббуси Маркази миллӣ-мадании тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, дар ҳамкории рӯзномаи "Овози Самарқанд" ва Донишгоҳи Давлатии Самарқанд ташкил карда шуд.

 

 

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар СамарқандРӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Самарқанд

Дар чорабинии фарҳангӣ хонандагони муассисаи таълими миёнаи умумии рақами 16, 18, 37, 39, 43, 62-и Самарқанд иштирок карда, ба забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ, русиву англисӣ шеъру тарона, сурудҳову рақсҳои ҷолибро иҷро намуда, ба иштирокдорон кайфияти идона бахшиданд.

 

Дар хотима аз тарафи ҳамкорони барномаи консертӣ: рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" таҳти сарварии сармуҳаррир Баҳодур Раҳмонов, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Қӯрғони калон", маҷмӯи маънавӣ-маърифии "Олами китоб", федератсияи шоҳмоти вилоят, Донишгоҳи Давлатии Самарқанд, компанияи навбунёди "Душанбе наво" ва раиси маркази миллӣ-мадании тоҷикони Самарқанд Акбарҷон Маҳмудовҳо ба бачаҳои фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.



Комментариев: 0
Добавить комментарий