» » » Ӯзбекистон аз нигоҳи суратгири ҷопонӣ


Ӯзбекистон аз нигоҳи суратгири ҷопонӣ

Ӯзбекистон аз нигоҳи суратгири ҷопонӣСуратгири ҷопонӣ Ҷин Акино мана 12 сол мешавад, ки тавассути объективи суратгираш зебоиҳои бетаткрори Самарқанди куҳанро аккосӣ мекунад.

 

Ҳини сӯҳбат оид ба фаъолияташ чунин мегӯяд:

" -Диққати маро ҳамеша маданияту иншоотҳои бетакрори давлатҳои дар роҳи бузурги абрешим ҷойгир буда, ба худ ҷалб карда меомад. Дар Япония фақат ҷопониҳо зиндагонӣ карда меоянд. Ӯзбекистон бошад, маро бо сермиллатии худ ва пайвастагиву пурпечутобии маданияти гуногунии ин миллатҳояш дар ҳайрат гузоштааст.

Фотокитоби "Анъанаи дар як лаҳза муҳргардида" меҳнати 10-солаи ман буда, меваи ба худ хоси алоқаҳои мадании давлатҳои Ӯзбекистон ва Япония мебошад, гӯем ҳам саҳв нахлҳем кард.

Тавассути алоқамандии сахт ба кори хеш ман бо ӯзбекистониёни зиёд шинос шуда, ҳамкориҳоро ба роҳ мондаам."

 

Касби асосии муаллиф иқтисодчӣ буда, ӯ роҳи эҷоди озодро интихоб кардааст. Ин муҳаббати беандоза ба касби хеш буд, ки Ҷим Акино лаҳҳзаҳои бетакрори ҳаёти одамон ва рафти зиндагониро аккосӣ намуда, дар озмунҳои байналмиллал рӯи саҳнаҳои ҷаҳон баромадааст.

 

Суратҳои олиҷаноби меъмории шаҳрҳои қадимиӮзбекистон дар намоишгоҳҳои бонуфузи оламии давлатҳои азими ИМА, Франсия, Япония манзури бинанда карда мешавад.

 

Нотиқони дар маросими тақдимотӣ дар бораи нақши фотокитоб дар ҳаёти мадании Ӯзбекистон сухан карда, махсус истода гузаштанд.

 

Минбаъд меҳмононе, ки барои дидан кардани Регистони бовиқор меоянд, метавонанд аз расмҳои Ҷим Акино дар мадрасаи Тиллокорӣ дидан кунанд, зеро дар яке аз нуктаҳои ин манзил барои ӯ ҷойи махсус ҷудо карда шудааст.



Комментариев: 0
Добавить комментарий