» » » Машварат идроку ҳушёрӢ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӢ диҳад


Машварат идроку ҳушёрӢ диҳад, ақлҳоро ақлҳо ёрӢ диҳад


Боз гардидани сарҳадҳои байни давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нафақат дар густариш ёфтани равобити иқтисодиву сиёсӣ, балки дар густариширобитаҳои фарҳангӣ ҳам аҳамияти калон дошта, имрӯз ин муносибатҳо ба зинаи нав мебароянд.

 

Бо мақсади мустаҳкамтар намудани робитаҳои илмӣ-фарҳангии даргоҳҳои олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили ихтисоси муаллимони олигоҳи бонуфузи шаҳри бостонӣ, дирӯз бо таклифи ректори ДД Самарқанд ба факултаи филологияи ДД Самарқанд аз ҷумҳурии бародарӣ профессори Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон устод Баҳриддин Камолиддинов ва профессор Абдунабӣ Сатторовҳо ташриф намуданд.

 

Ҳини сӯҳбат доктори фанҳои филологӣ Баҳриддин Камолиддинов оид ба покизагии забон ва рушду такмили минбаъда ва забони матбуоти имрӯза, ки инъикосгарӣ забони давлатист истода гузаштанд.

 

Дар рафти дарсҳои устодони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳам донишҷӯён ва ҳам устодони факултаи филологияи ДД Самарқанд иштирок карданд.

 

Дар нақша гирифта шудааст, ки минбаъд ҳам ин муносибатҳоро мустаҳкамтар намуда, робитаҳои илмӣ-фарҳангии донишҷӯёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро барқарор менамоянд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий