» » » Муаммои хонаҳои бесифати серошёна дар массиви Қорасуви Самарқанд чӣ гуна ҳал мешавад?


Муаммои хонаҳои бесифати серошёна дар массиви Қорасуви Самарқанд чӣ гуна ҳал мешавад?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба баланд шудани нархи хонаҳои серошёана дар маҳаллаи "Обод маскан"-и массиви Қорасуви шаҳри Самарқанд норозигиҳо дарҷ гардида буд.

Муаммои хонаҳои бесифати серошёна дар массиви Қорасуви Самарқанд чӣ гуна ҳал мешавад?

Қобили қайд аст, ки дар маҳаллаи номбурда 1704-то утоқҳои истиқоматӣ дар 44-то хонаҳои серошёна мавҷуд буда, аз онҳо 1344-тояш ба оилаҳои камтаъмини ашхоси маъюб, дода шудааст. Баъди баланд гаштани нархи хонаҳои ба кредити боимтиёз гирифташуда, соҳибони инманзилҳои зист, ба ташкилотҳои гуногун муроҷиат карданд.

 

Аз ин рӯ, ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов доир ба ин масъалаи умдаи рӯз босокинони маҳаллаи номбурда вохӯрда ҷамъомад гузаронид.

 

Агар ҳангоми харидани ин хонаҳо барои ҳар як метри мураббаъ 2 млну 850 ҳазор сӯммаблағ муайян гардида бошад, имрӯз иннархҳо ба 3 млну 460 ҳазор сӯм баромадааст. Дар рафти вохӯрӣ маълум гардид, ки сабаби баланд шудани нархи моҳонаи хонаҳо ин баланд шудани қурби асъор, музди меҳнат ва маҳсулотҳои сохтмонӣ мебошад.

 

Муаммои хонаҳои бесифати серошёна дар массиви Қорасуви Самарқанд чӣ гуна ҳал мешавад?

Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба иштирокчиёни ҷамъомад дар бораи дар тамоми ҷумҳурӣ баланд гаштани нарху наво маълумот расонида гуфт, ки барои ёфтани даромади иловагӣ ва ҷойи корӣ ба шаҳрвандон ёрӣмерасонад.

 

Дар навбат худсокинони массиви номбурда, дар бораи бесифат сохта шудани хонаҳо вакам будани масоҳати метри мураббаъ дар утоқҳо гуфта доданд. Масалан дар ҳуҷҷат 60 метри мураббаъ қайд гардида, дар асл 4-5 метри мураббаъ кам будани утоқҳову ғайраҳо ба назар мерасанд. Ҳокими вилоят дар навбати хеш ваъда дод, ки барои ҳалли ин масоил гурӯҳи корӣ ташкил карда, ба оилаҳои ба ин муаммо дучор гашта маблағро бармегардонанд.

Муаммои хонаҳои бесифати серошёна дар массиви Қорасуви Самарқанд чӣ гуна ҳал мешавад?

Оид ба масъалаи бесифатии хонаҳо дар массиви Қорасув ҳануз санаи 18-июн дар вохӯрӣ бо намояндагони ВАО ҳокими вилоят маълумот дода гуфта буд:

 

-"Нигоҳ накарда ба саъю кӯшишҳои мо нисбати тезва босифат сохтани ин хонаҳои серошёна аз тарафи баъзеи аз сохтмончиён хатогиҳо содир карда шуда, дар натиҷа бачунин камбудиҳо роҳдода шудааст. Аз ин рӯ, мо гурӯҳи махсуси тафтишотӣ ташкил карда, аз рафти корҳои азнавсозии ин манзилҳо бохабар шуда истода сохтмончиёнро таъкид намудем, то вазифаи худро ҳалол иҷро кунанд ва манзилҳои таъмирталабро то ба охир азнав таъмир кунанд."

Комментариев: 0
Добавить комментарий