» » » Барои ҳуҷҷатсупорй ба даргоҳҳои олии Самарқанд чй бояд кард?


Барои ҳуҷҷатсупорй ба даргоҳҳои олии Самарқанд чй бояд кард?

Хатмкунандагони соли 2019 мактабу литсей ва коллеҷҳои шаҳри Самарқанд минбаъд бе пардохти маблағи махсус барои дохилшавӣ ба даргоҳҳои олӣ, метавонанд ҳуҷҷат месупоранд. Маблағи махсусро ба миқдори 101 365 сӯм аз он талабагоне, ки ба макотиби олӣ бори дуввум ва ё барои солҳои дигар баъди хатми мактаб дохил мешаванд, гирифта мешавад.

 


Оид ба рафти баргузории ҷараёни имтиҳони тест ва ҳуҷҷатсупорӣ котиби масъули комиссияи қабули ДД Самарқанд Раҳматулло Мирзоев маълумот расонид. Аз ҷумла, ӯ қайд намуд, ки барои қабули ҳуҷҷати довталабон ҳамаи шароитҳо муҳайёст. Дар баробари ин дар маркази хизмати давлатӣ, низ масъулин ба кор омодаанд.

 

Соли ҷорӣ масоили "коғазбозӣ" аз байн рафта, тамоми маълумотҳо оид ба довталабон ба таври электронӣ дохил карда мешаванд.

 

Дар баробари ин рӯйхати ҷамъи ҳуҷҷатҳо низ кам карда шуда, нусхаи аслии паспорт-шиноснома ва гувоҳномаи маълумот яъне аттестат ё диплом супорида мешаваду халос. Бартарии ҳуҷҷатсупории имсола ин мавҷудияти имконияти якбора супоридани ҳуҷҷатҳоро ба се даргоҳи олӣ мебошад.

 

Қабул ва барӯӣ хатгириии ҳуҷҷатҳо санаи 15-июн сар шуда, бисёре аз довталабон дар ҷараёни маслиҳатгирӣ аз мутахассисоннанд. Чунки онҳо аз навгониҳои имсолаи таълим маълумоти пурра надоранд. Азиза Саломова аз зумраи он довталабоне мебошад, ки ҳуҷҷатҳои хешро мехоҳад ба яке даргоҳҳои олии пойтахт супорад. Баъди шунидани навоварии соҳа ӯ ва бахусус бибиаш хеле хурсанд гаштанд, зеро акнун набераи дӯстдоштаи она вақти пурқимматро сарф накарда то оғози имтиҳонҳо метавонад , дар шаҳри худ монад.

 

Агар дар даст квитансия-расидро дошта бошед , ҷараёни қабули ҳуҷҷатҳо ҳамагӣ 5 дақиқаи вақтро мегиранд. Тибқи фикри Раҳматулло Мирзоев баъди дар шабакаи dtm.uz аз қайд гузаштан, утоқи шахсӣ кушода шуда, оғоз аз хабари пурра дар бораи довталаб то роҳхату манзили баргузории имтиҳонҳои тестӣ ҷамъ карда мешаванд. Ҷараёни гирифтани пропуск-рухсатномаи ДТМ нисбат ба солҳои гузашта дигар гаштааст. Акнун довталаб худ метавонад аз ҳамон утоқи шахсиаш рухсатномаро аз чоп барорад.

 

Тибқи маълумотҳои дастрас гардида, барои хониши рӯзона дар ДД Самарқанд дар соли хониши 2019-2020 аз рӯи 50 самти гуногун 2980 ҷой, барои шӯъбаҳои ғоибона 500 ҷой ва барои хониши бегоҳирӯзӣ 260 ҷой ҷудо карда шудааст.

Комментариев: 0
Добавить комментарий