» » » Кори хайрро ҳар рӯз ва ҳар соат бояд кард


Кори хайрро ҳар рӯз ва ҳар соат бояд кард

Кори хайрро ҳар рӯз ва ҳар соат бояд кардДар ноҳияи Пастдарғами шаҳри Самарқанд ҷарроҳии 52 нафар бачаякони беморро бар ӯҳда гирифтанд...

 

Дар вилояти Самарқанд 3 ҳазору 500 нафар шахс бо бемории пароги дил-хастагии дил ба рӯйхат гирифта шудаанд.

 

Тибқи маълумоти шифокорон бачаякони гирифтори ин беморӣ ҳатман бояд ҷарроҳӣ карда шаванд. Барои ҷарроҳӣ бошад маблағи калон лозим аст.

 

Дар ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд 123- нафар бачагон-наврасони то синни 18-солаи гирифтори ин беморӣ дар қайди шифохонаҳоянд.

 

Байни ин бачаҳо миқдори хурдтараконе, ки фаврӣ бояд ҷарроҳӣ карда шаванд, 52 нафарро ташкил медиҳанд.

 

Аз ин рӯ, чанде пеш бо ташаббуси ҳокимияти ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам барои ҷарроҳии ин бачаякон маблағ ҷудо карда шуд.

 

Барои ҳар як ҷарроҳӣ 23 хел доруҳо зарур буда, қариб 14 миллион сӯмро маблағ лозим мешавад, барои ҳамин ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам бо ташаббуси расонидани ёрии амалӣ баромада, ба оилаҳои камбизоат дасти мададро дароз кард.

 

Аз ин ҷо, аллакай, наздики даҳ нафар бачаякон ҷарроҳӣ карда шуда, аз сафи маъюбон бароварда шудаанд.

 

Дар навбат хеш волидайн аз ин ғамхорӣ ва кӯмак ба ҳукумату давлати Ӯзбекистон ва ҳокимияти ноҳияи Пастдарғам миннатдории худро баён мекунанд.

Комментариев: 0
Добавить комментарий