» » » Нархи хониш дар шӯъбаи Самарқандии даргоҳи олии варзишии Россия муайян гардид


Нархи хониш дар шӯъбаи Самарқандии даргоҳи олии варзишии Россия муайян гардид

Нархи хониш дар шӯъбаи Самарқандии даргоҳи олии варзишии Россия муайян гардидТибқи маълумоти шабакаи Podrobno.uz нархи хониш дар шӯъбаи Самарқандии Донишгоҳи Давлатии Варзиш ва Ҷавонону Сайёҳии Россия дар асоси грантҳои давлатӣ ва ба таври пулӣ бо контракт бо нархи 2 ҳазор доллари Америка муайян карда шудааст. Асбобҳои айёнии хониширо худи Донишгоҳ мерасонад.

 

Ба ДД Варзиш ва Ҷавонону Сайёҳии Россия донишҷӯёнро ба чунин самтҳои варзишӣ аз қабили: баскетбол, волейбол, футбол, атлетикаи сабук, теннис ва гребля қабул мекунанд.

 

-"Маълуматон, ки дар шаҳри Чирчиқ Донишгоҳи Давлатии варзишӣ амал карда, дар он довталабон аз вилояти Тошканду шаҳр, вилояти Ҷиззаху Сирдарё имконияти хонишро доранд. Барои довталабони вилоятҳои дигари ватанӣ он даргоҳи олӣ каме дурӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, мо кӯшиш кардем, ки дар вилояти Самарқанд шӯъбаи Самарқандии даргоҳи олии варзишии Россияро кушоем. Бо ин роҳ дар ин маскани хонишӣ хоҳишмандон аз вилоятҳои Сурхондарё, Қашқадарё, Бухоро, Хоразм ва Самарқанд метавонанд бихонад"-гӯён илова намуд директори маркази илмӣ-методӣ ва баланд бардоштани маҳорати мутахассисони соҳа Илҳомҷон Турсуналиев дар рафти конфронси матбуотӣ дар Тошкандшаҳр.

Комментариев: 0
Добавить комментарий