» » » Дар Самарқанд маркази замонавии сайёҳӣ сохта мешавад


Дар Самарқанд маркази замонавии сайёҳӣ сохта мешавад

Дар Самарқанд маркази замонавии сайёҳӣ сохта мешавадБо мақсади рушди минбаъдаи иқтидори сайёҳии вилояти Самарқанд дар ҳудуди канали қаиқронии ноҳияи Самарқанди шаҳри бостонӣ сохтмони маркази сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

 

Маълуматон, ки санаи 26-июли соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳудуди канали қаиқронии шаҳри Самарқанд шуда, бо лоиҳаи маҷмӯъ шинос шуданд. Дар нақша гирифта шудааст, ки барои корҳои сохтмонӣ 360 гектар замин ҷудо карда шуда, дар 80 гектари он, маркази конгрессӣ ва меҳмонхонаҳои 5, 4 ва 3 ситорадор сохта мешаванд. Инчунин хиёбон, ҳавзаи оббозӣ, ҷазираҳои сунъӣ, тарабхонаҳову дигар нуктаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳам бунёд мегарданд.

 

-"Самарқандиён ва дигар ҳамдиёрони мо, ки аз дигар ҳудудҳои ҷумҳурӣ меоянд дар куҷо истироҳат мекунанд? Ин гуна ҷойҳо то ҳол вуҷуд надоранд. Сайёҳони хориҷӣ бошад, асосан барои зиёрат ва шинос шудан бо ёдгориҳои қадими шаҳри бостонӣ меоянд. Аз ин рӯ, барои истироҳати бофароғату шифогирии сайёҳон низ шароит фароҳам намудан лозим аст. Барои ҳамин ин маҷмӯъ бо сайёҳии зиёратӣ ҳамоҳанг бояд шавад. Дар навбати худ, ин боз як воситаи баланд бардоштани иқтисодиёти Самарқанд мегардад", - гӯён таъкид намуданд Шавкат Мирзиёев.

 

Қобили қайд аст, ки миқдори сайёҳони Самарқандро то вақти имрӯз дидан карда ду баробар афзудааст. Дар ду соли оянда бошад, омадани 2 миллион сайёҳони хориҷӣ ба Самарқанд дар назар аст, ин нишондиҳанда дар ҳудудҳои таърихии дигари мамлакат ба 10 миллион нафар сайёҳ расонида мешавад.

Комментариев: 0
Добавить комментарий